сар سر I
исм
  1. калла, яке аз узвҳои бадани инсон ва ҳайвон, ки аз гардан ба боло воқеъ буда, мағз, чашм, гӯш, бинӣ, даҳон ва ғ. дар он ҷой гирифтааст
    • Як шаҳру ду подшаҳ нагунҷад,

      Ду сар ба яке кулаҳ нагунҷад. 

      Шоҳин
    сари шӯрида سر شوریده
    сифат
    сари пуршӯр, сари савдоӣ
  2. раис; сарвар; сардори лашкар
    • Гирифтанд гирдаш диловар сарон,

      Пиёда бибурдандаш он сарварон. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Гуфт: Эй сари сарварони олам,

      Олам ҳама тан, ту ҷони олам. 

      Шоҳин
    • Сар нест – сомон нест. 

      Зарбулмасал
  3. оғоз, аввал, ибтидо; асос
    • Хӯрдани май ҳар бадиерост сар,

      В-он ки бадаш мехӯрад, он худ батар. 

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Сари ҳамаи саъодатҳо ақл аст. 

      Аҳмади Дониш
    сари об سر آب
    исм
    аввали об, ибтидо ва оғози об, сарчашмаи об
    сари роҳ سر راه
    исм
    канори роҳ, болои роҳ, саргаҳи роҳ
    сари чашма سر چشمه
    исм
    аввали сар задани оби чашма, манбаъи об
    сар доштан سر داشتن
    феъл
    1. 1.
      майл доштан, хоҳиш доштан
    2. 2.
      сар кардан, оғоз кардан
  4. болои чизе; рӯи чизе
    • Бар сари ҳар сабза, ки пое задам,

      Аз дили шӯрида навое задам. 

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Андар ҳисор ҳисоре дигар буд бар сари кӯҳ [ва] ҳеч касро бад-он ҳисор роҳ набудӣ.

      Таърихи Наршахӣ
    • Бар сари он кӯҳ роҳи нек танг,

      К-аз убураш буд пои ваҳм ланг. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  5. нӯги чизе, қисми интиҳои чизе (ришта, сӯзан, чӯб ва ғ.)
    • Риштаи дароз пайдо кунам, як сар бар пои ту бандам ва сари дигар дар пои хеш муҳкам созам. 

      Анвори Суҳайлӣ бештар
    • Мусҳафҳои Қуръон биёварданд ва бар сари найзаҳо бастанд. 

      Маҷмаъу-л-ансоб
    • Ба рух пӯшида рӯмоли гулоболуда, бинедаш!

      Сари ангушт аз хуни кабоб олуда, бинедаш! 

      Саййидо
    сари теғ سر تیغ
    исм
    дами теғ
  6. маҷ. фикру андеша; қасду ирода
    • Ту бар сари қадри хештан бошу вақор,

      Бозиву зарофат ба надимон бигузор! 

      Саъдӣ бештар
    • Ба май иморати дил кун, ки ин ҷаҳони хароб

      Бар он сар аст, ки аз хоки мо бисозад хишт. 

      Ҳофиз
    • Дорам он сар, ки сар андар сари кори ту кунам,

      Бо мани дилшуда ҳарчанд саре нест туро.

      Хусрави Деҳлавӣ
    • Сари шунидани ашъор дошт лола ба боғ,

      Насим ин ғазал оварду хонд бар лола. 

      Восифӣ
  7. маҷ. майлу рағбат; ишқу муҳаббат
    • Шунидам, ки бо бандагонаш сар аст,

      Хиёнатписанд асту шаҳватпараст. 

      Саъдӣ
  8. бо изофа ё бо изофа ва пешояндҳо ҳамчун пешоянди номии таркибӣ бо маънои гуногун
    сар ниҳодан سر نهادن
    феъл
    1. 1.
      сар фурӯ андохтан, сар хам кардан, мас. аз беҳушӣ ё мастӣ
    2. 2.
      итоъат кардан, фармонбардор шудан
    3. 3.
      сарро тарк кардан, худро фидо кардан, қурбон кардан
    4. 4.
      мурдан, вафот кардан
    5. 5.
      баромада рафтан, равона шудан
    бар сари чизе|касе بر سر چیزی|کسی
    1. 1.
      дар болои ..., бар болои...
    2. 2.
      ба пеши ..., ба назди ...
    3. 3.
      ба пеши..., ба назди...
    4. 4.
      дар болои ..., дар назди ..., назди болини ...
    5. 5.
      дар бораи ...
    сари касе|чизе سر کسی|چیزی
    пешоянд
    назди ..., пеши..., болои...
    аз сари از سر
    1. 1.
      аз роҳи..., аз рӯи..., ба тариқи...
    2. 2.
      ба сабаби..., аз рӯи..., аз роҳи..., ба муносибати...
    3. 3.
      барои..., ҷиҳати...
    дар сари در سر
    зарф
    дар роҳи ...
    ба сари به سر
    зарф
    назди..., лаби..., канори...
    сари даст سر دست
    исм
    панҷаи даст
    сари дафтар سر دفتر
    сифат
    сардафтар, саромад
    сари моя سر مایه
    исм
    сармоя; молу мулк, сарват; асл ва бунёд
    сари хок سر خاک
    қабр, хоки мазор
    як сар یک سر
    зарф
    1. 1.
      якбора, рост
    2. 2.
      тамоман, аз сар то ба по
    як сар бартар будан یک سر برتر بودن
    имтиёз ва бартарӣ доштан нисбат ба касе
    сарбамуҳр سربه‌مهر
    зарф
    тамғакардашуда, муҳрнок; сарбаста, пӯшида
    аз сар از سر
    аз нав, аз сари нав
    аз сар то бун از سر تا بن
    зарф
    аз аввал то охир
    сар то по سر تا پا
    зарф
    аз сар то ба по, тамоми бадан; тамом, тамоман
    ба сарат қасам به سرت قسم‌
    нидо
    ба сари ту!
    сару бун سر و بن
    зарф
    аввалу охир, оғозу анҷом; ҳама
    сару кор доштан سر و کار داشتن
    феъл
    алоқа доштан, муносибат доштан; дахл доштан
    сару пой سر و پای
    зарф
    сару нӯг, аввалу охир
    сару сомон سر و سامان
    басариштагӣ, саранҷомӣ; тартиб ва интизом (дар рафти кор ва зиндагӣ)
    сару хишт سر و خشت
    исм
    ибораест, ки дар бораи одами кундфаҳм ва ё якрав гуфта мешавад
    сар андохтан سر انداختن
    феъл
    1. 1.
      хам кардани сар дар вақти рақс; рақс кардан
    2. 2.
      сарро қурбон кардан; мутеъ шудан
    3. 3.
      сарро бурида партофтан, гардан задан, куштан
    сар афрохтан سر افراختن
    феъл
    киноя аз фахр кардан
    сар афшондан سر افشاندن
    феъл
    сарро қурбон кардан; мутеъ шудан
    сар бурдан аз чизе سر بردن از چیزی
    1. 1.
      киноя аз халос шудан
    2. 2.
      киноя аз берун шудан аз итоъат, нофармон шудан
    сар во задан سر وا زدن
    феъл
    эътироз ва гардантобӣ кардан, саркашӣ намудан
    сар гирифтан шамъро سر گرفتن شمع را
    буридани нӯги сӯхтаи пилтаи шамъ
    сареву сирре доштан سری و سری داشتن
    киноя аз савдои ишқу муҳаббат доштан бо касе
    сар кардан سر کردن
    феъл
    шурӯъ кардан, оғоз намудан, иқдом намудан
    сар кашидан سر کشیدن
    феъл
    1. 1.
      сарбаланд шудан бо нозу ифтихор
    2. 2.
      рӯ тофтан, гардантобӣ кардан
    3. 3.
      қурбон кардан; пешкаш кардан
    сар кашидан аз чизе سر کشیدن از چیزی
    феъл
    пайдо ва ҳувайдо шудан аз чизе; гул кардан, инкишоф намудан
    сар кашидан ба ҷое سر کشیدن به جای
    1. 1.
      киноя аз расида омадан ба ҷое; ноил ва комёб шудан
    2. 2.
      киноя аз сар ба дарун кашидан, сар фурӯ бурдан
    сар кашидан бар касе سر کشیدن بر کسی
    киноя аз исён кардан, ҷангҷӯӣ кардан бо касе
    сар кашидан бо касе سر کشیدن با کسی
    киноя аз баробарӣ кардан бо касе
    сар кӯфтан سر کوفتن
    феъл
    (ба дар) сар даровардан, даромадан; паноҳ бурдан
    сар овардан бо касе سر آوردن با کسی
    киноя аз мувофиқат ва созиш намудан, майлу рағбат пайдо кардан ба касе
    сар омадан سر آمدن
    феъл
    1. 1.
      тамом шудан, ба охир расидан; хотима ёфтан
    2. 2.
      саромад шудан, аз ҳама боло шудан, мумтоз гардидан
    сар паст афгандан سر پست افگندن
    сар хам намудан, таъзим кардан
    сар фаро овардан ба гӯши касе سر فرا آوردن به گوش کسی
    киноя аз ба гӯши касе наздик шудан барои оҳиста гап задан
    сар фуруд овардан سر فرود آوردن
    хиҷил шудан, мулзам шудан; таслим шудан, мутеъ гардидан
    аз даст берун рафтани сари ришта از دست بیرون رفتن سر رشته
    киноя аз сарриштаи кореро аз даст додан, қобилияти идора кардани кореро аз даст додан
    сари роҳи касе гирифтан سر راه کسی گرفتن
    пеши роҳи касеро гирифтан, монеъ шудан, садди касе шудан
    сабз будани сари касе سبز بودن سر کسی
    киноя аз шоду хуррам, зинда ва хушу беғам будани касе, поянда будани касе
    сар ба бистар кардан سر به بستر کردن
    киноя аз сар ба болин гузоштан, хобидан
    сар бар хатти касе ниҳодан سر بر خط کسی نهادن
    киноя аз изҳори итоъат ва фармонбардорӣ кардан
    аз сари чизе бархостан از سر چیزی برخاستن
    аз баҳри чизе гузаштан, чизеро тарк кардан
    аз сар берун кардан از سر بیرون کردن
    аз фикр баровардан, дар бораи чизе дигар фикр накардан
    аз сар гузар кардан از سر گذر کردن
    аз баҳри сар гузаштан, тарки сар намудан, қурбон кардани сар
    аз сари чизе гузаштан از سر چیزی گذشتن
    аз баҳри чизе (гуноҳе) гузаштан, сарфи назар кардан
    аз сари паймон рафтан از سر پیمان رفتن
    аҳду паймон шикастан
    аз сар пой сохтан از سر پای ساختن
    киноя аз бо шитоб гурехтан
    аз сар рафтан از سر رفتن
    феъл
    саршор ва лабрез шудан
    аз сари касе рафтан از سر کسی رفتن
    киноя аз мурдан, вафот кардан
    ба девор расидани сари касе به دیوار رسیدن سر کسی
    аз обу машаққат кашида таҷриба ҳосил кардан
    ба сар афгандан به سر افگندن
    феъл
    сарнагун кардан
    бар сар афтодани чизе بر سر افتادن چیزی
    дар азоби чизе мондан, ба тоқат маҷбур шудан, аз чизе азоб кашидан, ба фалокате дучор омадан
    ба сар бардоштан به سر برداشتن
    феъл
    ҳурмат кардан, хеле эҳтиром нишон додан
    бар сар будани ҳавои касе بر سر بودن هوای کسی
    дар фикри касе ё чизе будан, аз сар берун нашудани фикри касе ё чизе
    ба сар бурдан به سر بردن
    феъл
    1. 1.
      ба сар бардошта кашондан
    2. 2.
      гузаронидан, рӯзгор гузаронидан; зиндагонӣ кардан
    3. 3.
      то ба охири роҳ омада расидан, тай кардан
    ба сар давон овардан به سر دوان آوردن
    феъл
    бо камоли шитоб, ба таври маҷбурӣ кашола карда овардан
    ба сар даромадан به سر درآمدن
    феъл
    сарнагун афтодан, сарозер афтидан
    ба сар овардан به سر آوردن
    феъл
    ба поён расонидан, тамом кардан
    ба сар омадан به سر آمدن
    феъл
    ба охир расидан, анҷом ёфтан, тамом шудан
    ба сар расидан به سر رسیدن
    феъл
    тамом шудан; ба анҷом расидан
    ба сар рафтан به سر رفتن
    феъл
    гузаронда шудан
    ба сар роҳ сипардан به سر راه سپردن
    феъл
    бо камоли итоъат ва аз дилу ҷон бо шитоб рафтан
    ба сар шудан به سر شدن
    феъл
    1. 1.
      ба охир расидан, тамом шудан, анҷом шудан, итмом ёфтан, анҷом
    2. 2.
      ба ҳол омадан; ба сару сомон шудан
    ба сар ҷо додан به سر جا دادن
    феъл
    камоли иззату ҳурмат ба ҷо овардан
    бар сари касе гузар доштан بر سر کسی گذر داشتن
    аз аҳволи касе хабар гирифтан
    бар сари чашми касе|чизе будан
    мақбул ва писандида будан; муътабар ва иззатманд будан
    бар сари шамъ доман афшурдан بر سر شمع دامن افشردن
    киноя аз шамъро хомӯш кардан
    андар сар овардан اندر سر آوردن
    ба сар кашидан, пӯшидан
    дар сар шудан در سر شدن
    феъл
    нобуд шудан
    ҳама сар гӯш сохтан همه سر گوش ساختن
    киноя аз саропо гӯш шудан; бо тамоми диққату эътибор гӯш кардан
    сар додан سر دادن
    феъл
    1. 1.
      худро фидо кардан, худро қурбон кардан
    2. 2.
      раҳо кардан; равон кардан
    сар задан سر زدن
    феъл
    1. 1.
      сар берун овардан, пайдо шудан, зуҳур кардан; ошкор шудан
    2. 2.
      сабзидан, нумув кардан
    3. 3.
      тулӯъ кардан; баромадан, пайдо шудан
    4. 4.
      маломат ва сарзаниш кардан
    5. 5.
      сар буридан, куштан
    сару кор سر و کار
    исм
    алоқа, муносибат
  9. шумораи асп, хар (нумератив)
  10. нафар, кас 
сар سر II
исм
  1. хӯшаи ангур
  2. хӯшаи гандум
казарма
итолиёӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сарбозхона 1; ҷойи исти умумии сарбозҳо, казарма
капитал
фаронсавӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сармоя 2; сарват, пулу мол, дорӣ, давлат
капитализм
фаронсавӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сармоядорӣ 1; сохти ҷамъиятӣ, ки дар он воситаҳои истеҳсолот моликияти сармоядорон аст ва аз ин рӯ меҳнати кироя истисмор карда мешавад
капиталистӣ
ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
сифат
нигаред ба сармоядорӣ 2; низоми иқтисодии мубтанӣ бар кори муздбарона, тавлиди маҳсул ва арзаи хадамот барои фурӯшу мубодила ва ба даст овардани суд дар абъоди фаротар аз таъмини ниёзҳои билофасл тавлидкунанда
морг
фаронсавӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сардхона 1; ҷои сард барои нигоҳ доштани маводди фосидшаванда (гӯшт, мева, сабзавот)
онкология
юнонӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба саратоншиносӣ 1; илме, ки ба омӯзишу пажӯҳиш ва табобати бемориҳои саратон машғул аст
подполковник
русӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сарҳангёр 1; унвони ҳарбӣ (аз майор болотар ва аз полковник хурдтар)
сара سره
сифат
  1. хуб, нағз, писандида
    • Сухане хубу нуктае сара гуфт. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Қазоро Алоуддавла ҳамон соъат даррасид, хидмат кардам; гуфт: Сара кардӣ ва ба вақт омадӣ. 

      Низомии Арӯзӣ
  2. холис, беомезиш, беғаш (дар бораи тилло, нуқра ва ғ.)
    • Имтиёзи сараву қалби ҷаҳон душвор аст,

      Хоса вақте ки ба қаллоб расад саррофӣ. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  3. мунтахаб, баргузида, мумтоз
    • Сад асби сара ва аъло ... каромат фармуд.

      Равзату-с-сафо

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сар, маънии вожаи сар, маънии калимаи сар, маънии ибораи сар, маънои сар, маънои вожаи сар, маънои калимаи сар, маънои ибораи сар, таърифи сар, таърифи вожаи сар, таърифи калимаи сар, таърифи ибораи сар, значение сар, значение слова сар, значение фразы сар, значение выражения сар, определение сар, определение слова сар, определение фразы сар, определение выражения сар