сарбаста سربسته
сифат
  1. муқобили саркушода 1; чизе, ки сари он бастагӣ бошад, пӯшида, маҳкам, баста
    • Ҳар чи дорад дар хуми сарбаста гардун, аз ман аст,

      Май ба ҳикмат мехӯрам, ҷои Фалотун аз ман аст. 

      Соиб
  2. пинҳон, махфӣ; мубҳам, носареҳ
    • Мард фарёд баровард, ки эй зан, магар ин ҷо розест сарбаста, ки кунҷиди сафедкардаро бо кунҷиди бопӯст баробар мефурӯшӣ? 

      Нигори дониш бештар
    • Раҳи ин нуктаи сарбаста макшо,

      Ба номи шуъла бастаст ин муаммо. 

      Бедил
ёқути сарбаста یاقوت سربسته
сифат
киноя аз даҳони хомӯш
  • Ба посух намудан зани хушманд,

    Зи ёқути сарбаста бикшод банд.

    Низомӣ
аз ёқути сарбаста банд кушодан از یاقوت سربسته بند گشادن
феъл
лаб ба сухан боз кардан
  • Ба посух намудан зани хушманд,

    Зи ёқути сарбаста бикшод банд.

    Низомӣ
кӯчаи сарбаста کوچه سربسته
исм
нигаред ба кӯчаи бунбаста 1; кӯчае, ки роҳи баромад надошта бошад
сухан сарбаста гуфтан سخن سربسته گفتن
киноя аз бо парда сухан кардан, бо рамзу киноя гап задан
  • Сухан сарбаста гуфтӣ бо ҳарифон,

    Худоро, з-ин муаммо парда бардор! 

    Ҳофиз
ёқути сарбаста یاقوت سربسته
киноя аз даҳони хомӯш
  • Ба посух намудан зани хушманд,

    Зи ёқути сарбаста бикшод банд. 

    Низомӣ
хонаи сарбаста خانه سربسته
киноя аз паноҳгоҳ
  • Булбул аз ҳар хор дорад хонаи сарбастае,

    Аз хасу хошок моро ошёне гӯ: Мабош! 

    Соиб

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сарбаста, маънии вожаи сарбаста, маънии калимаи сарбаста, маънии ибораи сарбаста, маънои сарбаста, маънои вожаи сарбаста, маънои калимаи сарбаста, маънои ибораи сарбаста, таърифи сарбаста, таърифи вожаи сарбаста, таърифи калимаи сарбаста, таърифи ибораи сарбаста, значение сарбаста, значение слова сарбаста, значение фразы сарбаста, значение выражения сарбаста, определение сарбаста, определение слова сарбаста, определение фразы сарбаста, определение выражения сарбаста