савганд سوگند
исм
  1. қасам, иқрор ва эътирофе, ки шахс аз рӯйи шараф ва номуси худ мекунад ва Худоро шоҳид мегирад
    • Эй ба дида, дареғ хоки дарат,

      Ҳама савганди ман ба ҷону сарат! 

      Анварӣ бештар
    • Кушо лаб, гарат ҳаст аз ин ваъда бим,

      Ба талқини савгандҳои азим. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    савганд хӯрдан سوگند خوردن I
    феъл
    қасам ёд кардан
    савганд шикастан سوگند شکستن
    феъл
    вайрон шудани қасам, иҷро нашудани қасам
  2. ваъдаи тантанавӣ барои садоқат ва коре ва ё қавле
    савганди сарбоз سوگند سرباز
    исм
    савганде, ки сарбоз барои садоқат ба халқу Ватан ёд мекунад
савганднома سوگندنامه
исм
қасамнома, аҳдномаи ба қасам таъкидшуда
  • Савгандномае бошад бо шароити тамом, ки вазир онро бар забон ронад ва хатти хешро бар он нависад.

    Таърихи Байҳақӣ
савгандшикан سوگند‌شکن
сифат
он ки қасам хӯрда, ба он амал накардааст, беаҳд
савгандшиканӣ سوگندشکنی
исм
шикастани савганд, қасам шикастан
савгандҳои ғилозу шидод سوگند‌ها‌ی غلاظ و شداد
нигаред ба аймони ғилозу шидод 1; яминҳои ғализ ва шадид, қасамҳои дурушту дағал ва сахту шадид
  • Ба шир барфавр савгандҳои ғизол ва шидод ёд кард.

    Равзату-с-сафо
савганд хӯрдан سوگند خوردن
феъл
нигаред ба қасам хӯрдан 1; савганд ёд кардан, қасам хӯрдан
  • Савганд хӯрам, ба ҳар чи дорам, малико!

    К-аз ишқи ту бигдохтаам чун калко.

    Абулмуайяди Балхӣ бештар
  • Ҳамон низ Суҳроби баргаштабахт,

    Ки савганд хӯрдӣ ба тоҷу ба тахт.

    Абулқосим Фирдавсӣ
  • Худовандам савганде хӯрда буд, ки маро ба Нишобур пиёда барад.

    Таърихи Байҳақӣ
  • [Аъробӣ] даст боз кашид ва савганд хӯрд, ки дигар бар моидаи вай таъом нахӯрам.

    Абдураҳмони Ҷомӣ
  • Мехӯрд падар барои фарзанд,

    Як не, ду не, ҳазор савганд.

    Шоҳин
савганди муғаллаза سوگند مغلظه
сифат
қасами сахт, савганди шадид
  • Ва амир Халаф ҳам аҳд карда буд ва савгандони муғаллаза хӯрда. 

    Таърихи Систон
савганд додан سوگند دادن
феъл
ба қасам маҷбур кардан, қасам хӯрондан
  • Хоҷа Ҳумомро иштибоҳ намонд, ки ин мард Саъдист. Савганд дод, ки ту Саъдӣ ҳастӣ? Шайх Саъдӣ гуфт: Бале! 

    Тазкираи Давлатшоҳ
савганд ёд кардан سوگند یاد کردن
феъл
қасам хӯрдан, расман ва бо тантана аҳд кардан ва ваъда додан барои иҷрои коре (мас., ҳарбиён барои ҳимояи Ватан)
  • Башир барфавр савганди ғилозӣ ва шидода ёд кард. 

    Равзату-с-сафо
савганд рафтан سوگند رفتن
феъл
қасам ёд кардан
  • Бар чунин аҳд рафташон савганд,

    Ин зи бедод раст, он зи газанд. 

    Низомӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии савганд, маънии вожаи савганд, маънии калимаи савганд, маънии ибораи савганд, маънои савганд, маънои вожаи савганд, маънои калимаи савганд, маънои ибораи савганд, таърифи савганд, таърифи вожаи савганд, таърифи калимаи савганд, таърифи ибораи савганд, значение савганд, значение слова савганд, значение фразы савганд, значение выражения савганд, определение савганд, определение слова савганд, определение фразы савганд, определение выражения савганд