гурд گرد
сифат
паҳлавон, баҳодур; далер, шуҷоъ, нотарс
  • Аз гурдони сафшикан ва далерон шерафкан... ба ҳарби Мухтор фиристоданд.

    Равзату-с-сафо бештар
  • Гар Навфали гурд гардад огоҳ,

    Бар мо чи кунад, наузу биллоҳ.

    Шоҳин
гурда گرده
исм
  1. яке аз узвҳои даруни бадан, ки пешоб аз он таровиш карда, дар пешобдон ҷамъ мешавад, кулия
    • Симинбарон кабоби дилу гурдаи мананд,

      Пайваста аст равғани ман шаъни дегдон.

      Саййидо
  2. камар, миён
    • Чун занад бар пушти шерон ӯ дабуси шасти ман,

      Чун занад бар гурдаи гурдон амуди говсор.

      Манучеҳрӣ
    дилу гурда доштан دل و گرده داشتن
    феъл
    ҷасур будан, ҷасорат доштан
    гурдаи касеро кафондан گرده کسی را کفاندن
    феъл
    касеро сахт тарсондан
гурдагоҳ گرده‌گاه
исм
  1. ҷои гурда дар бадани одам ва ҳайвон
  2. маҷ. камар, миён
    • Аз он гурдагоҳаш наёмад дареғ,

      Ки бибрид Рустам ба бурранда теғ.

      Абулқосим Фирдавсӣ
гурдадор گرده‌دار
сифат
маҷ. ҷасур, нотарс, шуҷоъ
гурдак گردک
сифат
шакли навозишии гурд 1
  • Шарҳи он гурдак, ки андар роҳ буд,

    Як ба як бо он халифа вонамуд.

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
гурдакаф кардан گرده‌کف کردن
феъл
сахт тарсонидан касеро
гурдаолу گرده‌آلو
исм
навъе аз олуи калон, ки рангаш бештар сурхи сиёҳтоб аст
гурдафкан گردافکن
сифат
мағлубкунандаи паҳлавонон, паҳлавони зӯровар, афканандаи гурдҳо
  • Инонпечу гурдафкану гурдзор

    Чу ман кас набинад ба гетӣ савор.

    Абулқосим Фирдавсӣ
гурдгир گردگیر
сифат
паҳлавонгир, ба банд орандаи паҳлавонон, шуҷоъ, диловар
  • Далер асту асбафкану гурдгир,

    Уқоб андарорад зи гардун ба тир.

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Яли аждаҳокуш ба гурзу ба тир,

    Савори ҳижабрафкани гурдгир.

    Асадӣ
гурдзод گردزاد
сифат
зодаи паҳлавон, паҳлавонписар
  • Пас аз бора Рудоба овоз дод,

    Ки эй паҳлавонбаччаи гурдзод!..

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гурд, маънии вожаи гурд, маънии калимаи гурд, маънии ибораи гурд, маънои гурд, маънои вожаи гурд, маънои калимаи гурд, маънои ибораи гурд, таърифи гурд, таърифи вожаи гурд, таърифи калимаи гурд, таърифи ибораи гурд, значение гурд, значение слова гурд, значение фразы гурд, значение выражения гурд, определение гурд, определение слова гурд, определение фразы гурд, определение выражения гурд