Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
ҳанг هنگ I
исм
  1. вазн, сангинӣ
    • Чу аз дур диданд хартуми ӯ,

      Зи ҳангаш ҳаме паст шуд буми ӯ.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. маҷ. вазнинӣ, виқор, тамкин
    • Эй, ҳама сирати ту ҳангу сабот,

      Чи кунам, бесаботу беҳангам.

      Анварӣ
  3. доноӣ, дониш, ҳушёрӣ; маърифат
    • Эй раиси меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,

      Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.

      Мунҷик
  4. қудрат, зӯр
    • Зи ҳанги сипаҳдору чанги савор,

      Наёмад дуволи камар пойдор.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  5. зарб, садма; осеб, озор
    • В-агар на, биёрой ҷанги маро,

      Ба гардан бипаймой ҳанги маро.

      Абулқосим Фирдавсӣ
ҳанг هنگ II
исм
қасд, ирода, оҳанг
  • Дилситониро лафзи ту ҳамесозад соз,

    Ҷонрабоиро теғи ту ҳамедорад ҳанг.

    Мухтории Ғазнавӣ
ҳанг هنگ III
исм
улуми низомӣ ягоне роҳкунишӣ, ки маъмулан аз ду ё чанд гурдон ташкил мешавад
ҳанг هنگ IV
исм
сӯрохи ғормонанди кӯҳ, шикофи кӯҳ
  • Бидид андар он ҳанг Афросиёб,

    Дар ӯ сохта ҷои орому хоб.

    Абулқосим Фирдавсӣ
ҳанг هنگ V
зарф
як қулт об, як ҷуръа об
ҳанг هنگ VI
исм
гуфтугӯӣ ҳуш
ҳанг هنگ VII
сифат
ҳайрон, фурӯмонда, дармонда, саргашта
ҳанг هنگ VIII
нидо
бонги хар, ҳангос
ҳангом هنگام
исм
вақт, замон, маҳал; фасл, мавсим
  • Бар эшон кунун ҷои бахшоиш аст,

    На ҳангоми пайкору ороиш аст.

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Эй шикаста ҳусни ту ҳангоми гул,

    Бодаи ишрат фикан дар ҷоми гул.

    Рашидии Самарқандӣ
ҳангоми куфр هنگام کفر
зарф
давраи пеш аз ислом дар Арабистон, давраи ҷоҳилият, давраи бутпарастӣ дар Арабистон
ҳангоми раҳил هنگام رحیل
зарф
  1. 1.
    вақти кӯч
  2. 2.
    киноя аз вақти мурдан
ҳангоми сарпанҷа هنگام سرپنجه
зарф
вақти мубориза, ҷанг
ҳангома هنگامه
исм
ҷамъомади мардум, маҷмаъ, ҷамъият, маърака
  • Доно, ки дид шуъбадаи чархи ҳуққабоз,

    Ҳангома бозчиду дари гуфтугӯ бибаст. 

    Ҳофиз бештар
  • Ба номаш хатибон кушоданд лаб,

    Шуд он рӯз ҳангомаи булъаҷаб.

    Саййидо
ҳангома гирифтан هنگامه گرفتن
феъл
мардумро ба атрофи худ ҷамъ кардан; маърака барпо намудан
ҳангома ниҳодан هنگامه نهادن
феъл
гап сар кардан, сухан ба миён овардан
ҳангомаи тифлон هنگامه طفلان
киноя аз дунё ва олам

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҳанг, маънии вожаи ҳанг, маънии калимаи ҳанг, маънии ибораи ҳанг, маънои ҳанг, маънои вожаи ҳанг, маънои калимаи ҳанг, маънои ибораи ҳанг, таърифи ҳанг, таърифи вожаи ҳанг, таърифи калимаи ҳанг, таърифи ибораи ҳанг, значение ҳанг, значение слова ҳанг, значение фразы ҳанг, значение выражения ҳанг, определение ҳанг, определение слова ҳанг, определение фразы ҳанг, определение выражения ҳанг